ИҚЛИМ, ОБ ВА МАСЪУЛИЯТИ ИНСОН
Ҳар қатраи об як қиссаи пуртаҳаввулро дар худ ниҳон дорад. Аз абрҳои муаллақ то чашмаҳои соф, аз рӯдҳои шӯх то баҳрҳо ва уқёнусҳои беканор, об дар гардиши доимии худ ҳаётро эҳё мекунад. Аммо имрӯз, бо тағйирёбии иқлим ва афзоиши эҳтиёҷоти башар ба захираҳои обӣ, ин гардиш бо таҳдидҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гашта истодааст.

Замин дар даҳсолаҳои охир бо тағйироти бесобиқа дучор омадааст. Афзоиши ҳарорати ҳаво боиси обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши манбаъҳои оби ширин ва афзоиши хушксолӣ шудааст. Пиряхҳои осмонбӯси Помир ва Тян-Шон, ки ҳамчун манбаи асосии оби Осиёи Марказӣ шинохта мешаванд, сол ба сол коҳиш меёбанд. Ин раванд на танҳо экосистемаҳоро ба хатар рӯ ба рӯ мекунад, балки зиндагии миллионҳо одамонро зери хатар мегузорад.
Махсусан, минтақаҳои кӯҳӣ, ки оби ошомиданӣ ва кишоварзиашон аз пиряхҳо вобаста аст, бо мушкилоти шадид рӯ ба рӯ мешаванд. Камбудии об метавонад ба буҳрони иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сабаб гардад. Ғайр аз ин, гармшавии иқлим боришоти ғайримуқаррарӣ, обхезиҳо ва хушксолиро афзоиш медиҳад, ки ба зироаткорӣ, саноат ва ҳаёти рӯзмарраи инсонҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Оби нӯшокӣ яке аз сарватҳои нодири табиат аст, аммо бо истифодаи ғайриоқилона мо онро бо суръати хавфнок исроф мекунем. Дар саросари ҷаҳон, захираҳои обӣ бо ифлосшавӣ, партовҳои саноатӣ ва нодуруст истифодашавӣ рӯ ба рӯ шудаанд. Натиҷа он мешавад, ки миллионҳо одамон дар минтақаҳои гуногун ба камбудии об дучор мешаванд.
Саноат ва кишоварзӣ аз бузургтарин омили ифлосшавии об ба шумор мераванд. Партовҳои кимиёвӣ, нуриҳои минералӣ ва заҳрҳои саноатӣ метавонанд захираҳои обиро заҳролуд кунанд, ки дар навбати худ ба муҳити зист ва саломатии инсонҳо хатар эҷод менамояд. Барои ҳалли ин мушкилот, истифодаи технологияҳои тозакунӣ, коҳиши партовҳои заҳролуд ва рушди усулҳои каммасрафи истифодаи об ниҳоят муҳим мебошад.
Масъулияти инсон дар ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ хеле бояд назаррас бошад.
Ҳифзи об ва муҳити зист танҳо вазифаи давлатҳо нест, балки масъулияти ҳар як инсони бошуур мебошад. Чанд тадбири оддӣ метавонанд таъсири амиқ дошта бошанд:

1. Истифодаи оқилонаи об – коҳиши исрофи об дар корҳои рӯзмарра, аз қабили обёрии боғҳо ё истифодаи дурусти техникаҳои сарфакор.
2. Муҳофизати манбаъҳои обӣ – ҳифзи чашмаҳо, рӯдхонаҳо ва кӯлҳо аз ифлосшавӣ ва партовҳои зараровар.
3. Мубориза бо гармшавии иқлим – истифодаи энергияи сабз ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ.
4. Ташвиқ ва омӯзиш – баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи аҳамияти об ва роҳҳои ҳифзи он.
5. Ҷорӣ кардани технологияҳои нав – истифодаи системаҳои муосири обёрии қатрагӣ ва технологияҳои коркарди дубораи об.
6. Рушди фарҳанги экологӣ – парвариши масъулияти экологӣ дар миёни ҷавонон ва тарғиби муносибати оқилона ба табиат.
Агар имрӯз чораҳои зарурӣ андешида нашавад, наслҳои оянда бо мушкилоти шадиди обӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Об – ҷавҳари зиндагист, ва ҳифзи он ҳифзи ояндаи инсоният мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷаҳонӣ, масъулияти шахсӣ ва эҷоди тарзи зиндагии устувор метавонем захираҳои обиро барои наслҳои оянда нигоҳ дорем.
Ҳар як шахс метавонад саҳми худро дар ҳифзи муҳити зист гузорад. Бо тағйир додани одатҳои худ, сарфакорӣ ва пуштибонии тадбирҳои устувор мо метавонем табиатро ҳифз намуда, муҳити солимро барои ояндагон таъмин намоем.
Тоҷикистон бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳое мебошад, ки дар ҳалли мушкилоти вобаста ба захираҳои обӣ нақши фаъол дорад. Бо дарназардошти аҳамияти стратегӣ ва экологии об, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои худ шинохта шудааст.
Яке аз иқдомҳои муҳим Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” мебошад, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст. Ин ташаббус ба ҳалли мушкилоти об, такмили идоракунии захираҳои он ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ равона шудааст.
Илова бар ин, Тоҷикистон ҳамасола чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об баргузор намуда, кишварҳоро барои ҳалли мушкилоти глобалии об ташвиқ мекунад. Бо ин ташаббусҳо, Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги ҳифзи захираҳои обӣ ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ шинохта шудааст.
Ҳамчунин, дар дохили кишвар тадбирҳои муҳими барқарорсозии манбаъҳои обӣ ва идоракунии самараноки об амалӣ мегарданд.

-Табиат нигоҳи неку оқилонаи моро мехоҳад – пас, биёед, бо чашми нек ба он бингарем.

Муаллиф: Фарзона Норбадалова