ЁВАРИ ШАХСӢ БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ

Ихтироот ҳам далели рушди инсон ва ҳам сарчашмаи дастовардҳои оянда аст. Онҳо вазифаҳоеро ба ӯҳда мегиранд, ки қаблан меҳнати пуршиддати дастӣ ё вақти бештарро талаб мекарданд, ба ҷойҳое, ки шахс пештар имкон надошт, назар мекунад ва барои мо барои дастовардҳои нав ва дигар манфиатҳо вақт ҷудо мекунанд.

Ҳар сол олимон дар саросари ҷаҳон дар ҳама соҳаҳо ҳазорҳо навоварӣ пешниҳод мекунанд: аз ҷомеашиносӣ ва тандурустӣ то экология ва технологияҳои олӣ. Яке аз ин навгониҳо Роботи дӯсти инсон аст, бо номи ElliQ.

Ин робот сӯҳбатро худаш оғоз мекунад. Роботҳои ҳамроҳ дар ҷаҳони технология дигар нав нестанд, онҳо ҳоло ба баъзе муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дода мешаванд. Тадқиқотҳои зиёде гузаронида шуданд, ки онҳо самаранокии худро дар кор бо одамони солхӯрда ё беморони маъюб нишон дода, ба беҳтар шудани вазъи онҳо мусоидат мекунанд. Хамаи онхо мувофиқи программа кор мекунанд.

Роботи нави ElliQ аз таҳиягарони исроилӣ Intuition Robotics, дар рӯйхати навидҳо аз беҳтарин ихтироъҳост. Ин як ёвари шахсӣ бо зеҳни сунъӣ ва назорати овоз аст, ки метавонад гуфтугӯи хурдро оғоз кунад ва ба шахс дар ташаккули одатҳои муфиди иҷтимоӣ, ҷисмонӣ ва равонӣ кӯмак бикунад.

Вай медонад, ки чӣ гуна вазъи саломатии шуморо арзёбӣ бикунад, бо мутахассисон нигоҳубин, наздикон суҳбат намояд, ё сари вақт ба духтур муроҷиат бикунад. ElliQ як дастгоҳи сабук ва статсионарист, ки бо нерӯи барқ ва Wi-Fi кор мекунад.

Эҷодкор дар ҳама давру замон кӯшиш мекунад, ки дар ҳар гуна шароит навгоние эҷод намояд. Илҳоми эҷод на дар ҳама ҳолат ва на ба ҳама даст медиҳад. Қаҳрамони саҳифаи мо низ новобаста аз синну соли худ то андозае тавонистааст, ки дар ҷодаи илму техника навгоние ба вуҷуд орад. Тӯтизода Ҳофиз хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 ба номи Бобо Юсуфови ноҳияи Мастчоҳ, ҷамоати деҳоти Палдорак мебошад. Ӯ аз хурдӣ ба сохтани ашёҳои гуногуне, ки ба ҳаёти рӯзмарра ва дигар ҳолатҳо ба одамон кӯмак расонида метавонад, шурӯъ намуда буд. Чунонки худи Ҳофиз иброз медорад: “Аз хурдсолӣ то кунун ба ихтироъкорӣ машғул ҳастам ва мақсади асосии ман ин сохтани ашё ё техникаҳое, ки дар корҳои ҳамарӯзаамон ба мо кӯмакрасон бошанду кори одамонро осон гардонанд. Лаҳзаҳои фориғ аз дарси худро бекор нагузаронида, ба чунин корҳо машғул мешавам”. Ҳофиз тавонистааст, ки тайи ин солҳо якчанд ихтироъоти худро ба ҳамагон нишон диҳад.
Озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ки ҳамасола бо ибтикори Роҳбари маорифпарвари кишварамон –Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, имконияти хубе барои ихтироъкорони ҷавон фароҳам овард. Ҳофиз низ дар қатори дигар ихтироъкорони ҷавон солҳои охир тавонист дар озмуни мазкур аз фанни физика, дар номинатсияи ихтироъкорӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардад. Ӯ бо дастоварди худ дар озмуни мазкур соҳиби ҷойҳои аввал ва дуюм дар ноҳия ва дар вилоят гардида, бо ифтихорнома ва сипосномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия ва раиси ноҳия сарфароз гардидааст. Имсол низ ӯ тасмим гирифтааст, ки дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат” иштирок намуда, ихтирооти нави худро пешкаши ҳакамон гардонад. Ҳоло ӯ ин ҳунари худро ба бародар ва дӯстони худ омӯзонида истодааст. Чи тавре ки устодони муассисаи таълимии мазкур мегӯянд, Ҳофиз аз хурдсолӣ аллакай дар дарсҳо фаъолияту истеъдоди худро нишон дода, ихтироъкориро оғоз намуда буд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки агар ӯ чунин кӯшиши худро давом диҳад, ба беҳтарин дастовардҳо ноил хоҳад гашт”.
Яке аз дӯст ва ҳамсинфи Ҳофиз дар сӯҳбат ба мо чунин иброз дошт: “ Мо бо Ҳофиз аз синфи якум инҷониб дар як парта нишаста, ҳамсинф ва дӯстони беҳтаринем ва ӯ ба ман мисли бародарам аст. Мо дар якҷоягӣ ҳамроҳи Ҳофиз пас аз дарс вақти худро беҳуда нагузаронида, ба корҳои сохтани навгониҳои техникӣ машғул мегардем. Хушҳолам, ки дӯстам ҳунари худро ба ман низ меомӯзонад.”
ЭЛЕКТРОФАРЕЗ-И ҲОФИЗИ ҶАВОН
Ин навбат ин ихтироъкори ҷавон бо пешниҳоди дастоварди нави худ, ки “Электрофарез” ном дорад, дар озмун ширкат хоҳад кард.“Электрофарез”-и мазкур чоркунҷа буда, дорои волтиметри 220в аз ноқилҳои дорои қувваи барқ ва аукс иборат мебошад. “Электрофарез”-и табобатӣ барои ворид намудани дорувориҳои гуногун ба организми одам, инчунин, бо сарфаи қувваи ҷараёни кам барои табобат истифода мешавад. Таҷҳизоти мазкур низ аз қабили чунин таҷҳизоти табобатӣ мебошад. Дар навбати аввал табобат аз 5 то 15 дақиқа ва то 8 маротиба дар як ҳафта гузаронида мешавад. Бо ин сабаб қувваи ҷараёни зиёду кам, инчунин, бо суръати баланду паст идора карда мешавад. Ин ҳолат инкишофи бемориро паст намуда, ба бемор оромӣ мебахшад. Ҳуҷайраҳои камқувватро пурқувват менамояд ва иммунитетро мустаҳкам намуда, дардро аз байн мебарад. Ин таҷҳизот барои табобати бемориҳои майнаи сар, радикулит, минингит, энсефалит, неврит, гардиши нодурусти хун, майнаи сар, бемории меъдаю рӯда, пайдоиши бемориҳои рагҳои хунгарди дил, дарди пайвандҳои шикастабандӣ, бемориҳои сутунмӯҳра истифода мешавад. Ҳамчунин бояд қайд намоем, ки истифодаи ин таҷҳизот ҳангоми кафидагии пӯст, сурхиҳо дар пӯст, аллергия ва дигар хусусиятҳо барои табобат манъ аст. Таҷҳизоти мазкур метавонад дар як вақт якчанд корҳои бо барқ алоқамандро анҷом диҳад.
Ҳофизи ҷавон иброз медорад, ки мушоҳидаи ашёҳои ғайриоддӣ барояш бештар такону илҳом мебахшанд. “Ман ҳамеша дар фикри лоиҳаҳои техникаҳои наве ҳастам, ки кори одамонро осон мегардонад”- мегӯяд Ҳофиз ва барои муваффақиятҳояш аз устодаш Ҷумъаев Саидшо изҳори сипосмандӣ менамояд. Албатта, чунин ҷавонони лаёқатманди кишвар ифтихори волидайну устодонашон ва номбардори кишвари азизи моянд. Мо ба Ҳофизҷон дар корҳои техникиашон барору илҳоми тоза ва дар озмунҳо муваффақияту бурдбориҳоро таманно менамоем.