Аввалин вазифаи мо аз он иборат аст, ки барои ҳамаи наврасону ҷавонон, донишҳои мувофиқро бо забонҳое, ки онҳо мехоҳанд, пешкаш намоем. Аз ин рӯ, мо маҷалларо он гуна таҳия кардаем, ки ба синну соли гуногун нигаронида шуда, ба ҳама фанҳои соҳаи риёзиву табиатшиносӣ ҷавобгӯ мебошад.
“Илм ва техника”:
- 32 саҳифа бо рубрикаҳои ҷолибу илмӣ барои наврасону ҷавонон ва волидайни онҳо;
- маводҳои бодиққат интихобшуда;
- танҳо маълумоти тасдиқшуда ва боэътимод;
- сахифаҳо бо ҷолибтарин маводҳо дар бораи табиат, инсон ва техника;
- саҳифаҳои равоншиносии наврасон, кӯдакон ва пул, бо мо бисозед;
- илмҳои дақиқ бо забонҳои англисӣ ва русӣ бо расмҳои дурахшон;
- ребусҳо, муаммоҳо ва масъалаҳо барои санҷиши дониш;
- саёҳат ба олами илм бо ҳамроҳии персонажҳои мо: Роботҳои Илм ва Техника;
- гузаронидани таҷрибаҳои химиявӣ ва физикӣ дар шароити хона ва муҳити атроф бо персонажҳои ҳамешагии мо “Кимиё ва Закариё”;
- маҷалла ҷаҳонбинии шуморо васеъ мекунад ва ба шумо дар интихоби касб ёрӣ мерасонад.