Илм ба анборхонаи таин кардаи Техника даромаду якбора чанд маротиба атса зад.
- Саломат бош, Илм.
- Ту маро ба куҷо даъват кардӣ, Техника? Ин ҷо чаро ин қадар чангу ғубор?
- Бобоям хоҳиш карданд, ки анборхонаашонро ба тартиб дарорам. Барои ҳамин туро даъват кардам, ки ба ман ёрдам диҳӣ. Агар биният руст шуда бошад, ба хонаатон рав, худам ба тартиб медарорам.
-Ҳеҷ гап не, ҷӯра. Кори аз дастам меомадагӣ, душвор не-ку. Бобои ман мегӯянд, ки ҷӯраҳо бояд ба як дигар кӯмак бикунанд.
-Ту аллергия дорӣ. Ман ҳозир ба ту ниқоб меорам.
-Лозим не, ҷӯра. Овора нашав.
Аммо Техника ба суханҳои Илм аҳаммият надоду тозон рафта ниқоб овард. Онро ба ҷӯрааш дод. Илм ниқобро ба рӯяш пӯшид. Нафаскашияш осонтар шуд.
Техника аз байни кӯҳнаколаҳои бисёр телевизореро пайдо кард. Вай онро бардоштанӣ шуд, ки зӯраш нарасид.
-Илм, ба ман ёрӣ деҳ. Ин қадар ин вазнин, - базӯр нафас кашида гуфт писарак.
-Телевизорҳои пештара ҳамин хел вазнин будагӣ, - шарҳ дод Илм.
-Медонистаму лекин ин қадар вазнин буданашро ҳатто тасаввур ҳам намекардам.
Илм ва Техника бо як азоб телевизори кӯҳнаро ба ҷойи кушоди анборхона монданд ва то дер нигоҳи худро аз он намеканданд. Ба назар чунин мерасид, ки онҳо гӯё ягон ашёи қадимаеро пайдо кардаанд. Телевизори кӯҳна барои онҳо мисли бозёфти таърихие буд, ки дар осорхона меистод.
-Илм, биё онро мекушоем. Бинем чӣ дар дарунаш чӣ ҳаст?
-Бобоят ҷанг кунанд-чӣ?
-Он кас аз куҷо мефаҳманд. Ин аздусар чизи нодаркора. Лекин мебинем, ки дар дарунаш чиҳо ҳаст.
Ҷӯраҳо кунҷкобона телевизорро кушоданд. Даруни телевизор ҳам аз чангу ғубор пур буд. Илм боз ҳам атса задан гирифт.
-Ин қадар ту нозук, Илм?
-Агар олиме, ки чунин телевизорро ихтироъ карда буд, аллергия медошт, чунин намесохт.
-Чаро?
-Як хел атса задан гирад, чӣ хел кор мекард? - тахмин кард Илм. – Ҳарчанд худаш ба гуфтааш шубҳа кард.
-Ваҳ, инро бин! - Ба чароғакҳои майдаю бисёри телевизор ишора карда гуфт Илм.
-Вазнаш ҳам аз ҳисоби ҳамин чароғакҳо будагист? - тахмин кард Техника.
-Ња, ман хонда будам, ки аз ҳисоби чароғакҳо ва найчаҳои бисёр телевизори пештара вазнинанд.
-Илм, чӣ хел нағз-а, ту ҳама чиро медонӣ.
- Чанд вақт пеш хонда будам. Ин қадар дар ёдам нест. Фақат баъзе чизҳо дар хотирам ҳасту халос.
-Ҳамон медонистаатро гӯй, ба ман ҳам аҷиб шуд. Дирӯз усто омада телевизори нави моро насб кард, он чунон сабук буд, ки бо як даст бардоштан мумкин. Мисли ин не, фикр кардам, як тонна бошад.
Илм ба сухани ҷӯрааш аз таҳи дил хандиду гуфт:
-Ту ҳам воҳимахӯҷаҳо барин расо воҳима кардӣ-де, ҷӯра.
-Рост мегӯям. Хайр, канӣ, нақл кун.
-Телевизор таърихи зиёда аз якасара дорад, ҷӯра. Қадамҳои аввалини ихтирои он ба охири асри ХIХ рост меояд. Ихтироъкори муваффақи аввалин дар сохтани телевизор олими амрикоӣ - Фило Фарнсворт мебошад. Вай соли 1927 аввалин телевизорро сохтааст. Олим қувваи электикиро барои нишон додани аксҳо тариқи мавҷҳои овоз истифода бурд буд. Ихтирои ин олим асоси телевизорсозӣ дар ҷаҳони имрӯз низ мебошад. Лекин ҳамзамон бо Фарнсворт дигар олимони ихтироъкор низ саҳми худро дар сохтани телевизорҳо гузоштаанд. Масалан, соли 1926 олими шотландӣ Ҷон Лоҷи Берд барои беҳтар кардани механизми телевизор кор кард, то ин ки пахши суратҳо тариқи оина беҳтар шавад. Ба як ҳисоб мо гӯё ҳама чиро дар оина мебинем-ку. Телевизори ранга дар нимаи асри ХХ пайдо шудааст. Телевизорҳои муосир бо истифодаи дисплейҳои ЖК ва OLED сохта мешаванд. Ин технологияҳои нав имкон медиҳанд, ки телевизорҳои сабук ва тунук сохта шуда, ҷойи камро ишғол бикунанд.
-Илм, агар ман ҳам ягон вақт ягон чиз ихтироъ бикунам, ҳатман вазнинашро месозам.
-Аҷаб гап мезанӣ, ҷӯра, одамон ба пеш ҳаракат кунанд, ту ба қафо меравӣ-мӣ?- хандид Илм.
Љӯраҳо хандакунон ба кори худ идома доданд.